Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Британия коронавируси нав ва хатарнок буруз кард

Навъи нави коронавирус, ки дар Британия зуҳур кардааст, аз штамми "детла" хатарноктар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Британия навъи нави коронавирус босуръат паҳн мешавад, менависад рӯзномаи "Financial Times" бо истинод ба як олими Институти "Wellcome Sanger" дар Кембриҷ Ҷеффри Барретт ва мудири Институти генетикаи Донишгоҳи Лондон Франсуа Балло.
Ин навъи нав AY.4.2 буда, дар муқоиса бо штамми "делта" хавфноктар арзёбӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, навъи нави COVID-19 бори аввал дар Британияи Кабир дар моҳи июли соли равон пайдо шудааст.
Русия
Дар Русия теъдоди кӯдакони гирифтори коронавирус афзоиш ёфтааст
Мувофиқи тадқиқоти олимон, AY.4.2 нисбат ба навъҳои қаблӣ бештар сирояткунанда аст. Илова бар ин он дар қиёс ба "делта" 10-15 фисад бештар доман мезанад.
Қайд карда мешавад, ки имрӯз ҳар даҳумин мавриди сирояти коронавирус дар Британияи Кабир ба штамми AY.4.2 тааллуқ дорад. Коршиносон бовар доранд, ки штамми нави коронавирус бинобар риоя нашудани режими ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ пайдо шудааст.