ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Эҳтимол дорад, президенти Русия Владимир Путин дар ин нишаст ширкат кунад, гуфт сухангӯи ӯ Дмитрий Песков.
Ин масъала дар музокироти раҳбари Русия ва сарвазири Италия Марио Драги баррасӣ шудааст.
Песков ҳамчунин гуфтааст, ки президенти Русия дар сурати тасмими мусбат барои ширкат дар гуфтушунид ба таври маҷозӣ - тавассути алоқаи видеоӣ ширкат хоҳад кард.
"Владимир Путин ба кори раёсати Италия дар ин ҷода баҳои баланд дод ва омодагии худро барои ширкат дар ин ҳамоиш тавассути робитаи видеоӣ эълом кард", - омадааст дар хадамоти матбуотии кишвардори Русия.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони G20 ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад. Пештар дар бораи талошҳо барои ҷалби сарони Русия ва Чин ба ин мулоқот иттилоъ дода мешуд.
Нишасти G20 рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Рум баргузор мешавад.