Русия

Дар Русия теъдоди кӯдакони гирифтори коронавирус афзоиш ёфтааст

Дар Русия мавориди гирифтории кӯдакон ба бемории коронавирус рӯ ба афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ибтилои атфол ба корона дар Русия афзоиш ёфтааст, мегӯяд Михаил Мурашко, вазири тандурустии ин кишвар.
Ба андешаи ӯ, дар муқоиса ба соли гузашти гирифтории кӯдакон ба коронавирус чанд баробар бештар шудааст.

"Гирифтор шудани кӯдакони то 18-сола дар Русия ба коронавирус нисбати соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфтаат", - афзуд вазири беҳдошти ин кишвар.

Дар идома ӯ қайд намуд, ки дар панманзари зиёд шудани мавориди беморшавии кӯдакон ба дармонгоҳҳои кӯдакона сарборӣ ба миён омадааст.
Бояд зикр намуд, ки дар Русия вазъияти шадиди коронаӣ ҳукмрон аст. Ҳамарӯза беш аз 30 ҳазор ҳолати нави беморшавӣ ба қайд гирифта мешавад. Илова бар ин ҳар рӯз қариб то 1000 бемори вируси COVID-19 ҷон мебозанд.
Ба хотири чунин вазъ дар Русия муовини сарвазири ин кишвар, Татяна Голикова пешниҳод намуд, ки аз 23 октябр барои як қатор минтақаҳои Русия рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад.
Русия
Пешниҳоди эълони истироҳати изофӣ дар Русия
Вай инчунин тавсия дод, дар ин минтақаҳо аз нафақахӯроне, ки ҷое фаъолият намекунанд, даъват шавад, то хонанишинӣ кунанд.
Илова бар ин Голикова аз корфармоён даъват мекунад, барои гирифтани ваксина бар зидди коронавирус ба кормандон ду рӯз истироҳат диҳанд.
Муовини сарвазири Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки пас аз 7 ноябр корхонаҳо мунтазам ба кор бароянд.