ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Форуми байналмиллалии тиҷоратии “Суғд-2021” ҳафтумин ҳамоиши байналмиллалӣ аст, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад ва қарор аст, ду рӯз давом кунад.
Дар ин ҳамоиш дар қасри “Суғдиён”-и Хуҷанд Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, соҳибкорони ватанӣ, соҳибкорон, намояндаҳои Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Липетску Воронежи Федератсияи Русия, намояндаҳои тиҷоратии вилоятҳои Фарғона ва Самарқанди Ӯзбекистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат мекунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар ҳудуди вилояти Суғд ҳудуди 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъол буда, аз ин коргоҳҳо маҳсулоти зиёде ба кишварҳои дуру наздик содир мешавад.
“Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 миллиарду 607,2 миллион доллари ИМА расид. Ҳиссаи бештари ин рақамҳо дар асоси ҳамкорӣ бо кишварҳои Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба вуҷуд омадааст”, - зикр кард Аҳмадзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрант, семент, либосҳои гуногун, маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, номгӯи зиёди маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия интиқол дода шудааст.
Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар вилоят барои густариши робитаҳои иқтисодӣ имконияти истифоданашудаи зиёд мавҷуд буда, бо шарикони рушд метавон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, коркарди пахтаву мева, чарм, дорусозӣ ва дигар бахшҳо тақвият бахшид.
Иштирокдорон баргузории ин чорабинии байналмилалиро аз лиҳози роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоратӣ хеле муҳим мешуморанд.
Зимнан ин намоишгоҳи ҳафтуми байналмиллалии савдо “Суғд-2021” маҳсуб мешавад. Моҳи июни соли 2019 Форуми шашуми байналмилалии Суғд дар толори Қасри варзиши Хуҷанд баргузор шуда буд.
Дар он намоишгоҳ 150 ширкати тоҷикию хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Афғонистон ширкат намуда буданд.
Он замон дар доираи баргузории Намоишгоҳи "Суғд-2019" дар Хуҷанд тақрибан 100 қарордод, ёддошт ва созишнома имзо шуда буд.
Қарор аст, фардо, 20 октябр, созишномаҳое дар бораи ҳамкории миёни доираҳои тиҷоратии иштиркдорони ҳамоиш имзо шавад.