Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Парвозҳо аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор шуданд

Парвози миёни Сургути Русия ва Хуҷанди Тоҷикистон ҳафтае як маротиба сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Utair" парвозҳои миёни Сургут ва Хуҷандро барқарор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ширкати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд.
Зимнан ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳо танҳо дар ҳамин моҳ ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд, аммо аз 5 ноябр боз як парвози дигар илова мешавад, ки он рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Бояд гуфт, ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ байни бузургтарин фурудгоҳи ноҳияи Ханти-Мансийск ва Тоҷикистон то ҳол парвоз барқарор накардаанд.
"Utair парвозҳоро ба Тоҷикистон аз Сургут аз сар гирифт. То охири моҳи октябр дар масири Сургут - Хуҷанд ҳафтае як маротиба парвоз сурат мегирад: аз Сургут рӯзи чоршанбе, соати 19:00, аз Хуҷанд рӯзи панҷшанбе, соати 00:10 дақиқа", - гуфта мешавад дар хабар.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ифтитоҳи хатти ҷадиди парвоз дар миёни Русия ва Тоҷикистон
Бино ба иттилои хадамоти матбуотӣ, парвози дувуми ин ширкат дар ин масир аз 5 ноябр оғоз мешавад. Он аз Сургут рӯзҳои ҷумъа, соати 20:00, аз Хуҷанд рӯзҳои шанбе, соати 01:10 анҷом мешавад.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мунтазам аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон торафт бештар мешаванд.
Соли гузашта бинобар авҷ гирифтани бемории коронавирус Тоҷикистон равобити ҳавоӣ бо тамоми давлатҳоро баст ва феълан ин парвозҳо дар ҳоли азсаргирӣ қарор доранд.