ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раёсати БМТ барои ифтитоҳи намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар шаҳри Душанбе ризоият додааст. Гуфта мешавад, ки иҷозатнома бар асоси Қонуни "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" дода шудааст.
Департаменти назорати бонкӣ муваззаф аст, ки дар Феҳристи намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Маврид ба зикр аст, Бонки кишоварзии Чин - "Agricultural Bank of China" яке аз бонкҳои бузурги Чин мебошад, ки соли 1951 таъсис шудааст.
Дар охири солҳои 70-ум бонки мазкур ба бонки тиҷоратӣ мубаддал шуд, аммо ҳамоно комилан моли давлат боқӣ мондааст. Аз соли 2009-ум бонк ба ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд мубаддал гардид.
Дар соли 2010 Бонки кишоварзии Чин дар радабандии "1000 бонки бузурги ҷаҳон", ки аз ҷониби маҷаллаи бритониёии "The Banker" таҳия шуд, мақоми 7-умро касб кард.