“Ҳомид Сайфӣ захмӣ нашудааст”: тафсилоти як камин дар Онобаи Панҷшер

Дар пайи як камини нерӯҳои муқовимат дар дараи Панҷшер як масъули “Толибон” ва ҳамроҳонаш шадидан захмӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Гурӯҳе аз мақомдорони "Толибон"* дар минтақаи Онобаи Панҷшер ба камини нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон афтида, шадидан захмӣ шудаанд. Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз тафсилоти ин даргирӣ ва пайомадҳои он гуфтанд.
Дар гузоришҳои ибтидоӣ гуфта мешуд, ки ин ҳамла аз сӯйи Ҳомид Сайфӣ, муовини фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тарроҳӣ, анҷом ва худи ӯ захмӣ шудааст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат дар шарҳи ин хабар гуфт, ин ҳамла шаби 16 октябр дар роҳи Оноба - Обдара, қисмати поёнии дараи Панҷшер анҷом шуд.
Халилзод, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон истеъфо дод
“Чирикиҳои муқовимат шахсе ба номи Қорӣ Абдулвосит, дар гузашта вобастаи гурӯҳи “Толибон”* ва сокини рустои Обдараи вулусволии Онобаро, ки ҳоло омири амниятии ин вулусволии Панҷшер гумошта шудааст, дар қисмати хатми бозори вулусволии Оноба камин заданд ва тақрибан беш аз як соат даргирӣ ҷараён дошт, ки то омадани нерӯҳои кӯмакии ин гурӯҳ чирикиҳои муқовимат аз саҳна хориҷ шуданд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи ин камин шахси Қорӣ Абдулвосит ҳамроҳ бо ронанда ва муҳофизонаш, ки яке ҳам бародараш будааст, шадидан захмӣ шудаанд.

“Қорӣ Абдулбосит аз ҷумлаи толибоне буд, ки дар замони ҳукумати қаблӣ бо иттиҳоми ихтитофи мусаллаҳона ва таҳаррукоти террористӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шуд. Аммо дар пайи тавофуқи “Толибон”*-у Амрико дар қатори панҷ ҳазор толиб ӯ низ ба озодӣ баромад ва дигарбора ба фаъолияташ идома дод”, - гуфт манбаъ.

Нерӯҳои кумакиеро, ки “Толибон”* фиристоданд, Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Панҷшер, боз яке аз аъзои ин гурӯҳ панҷшерӣ роҳбарӣ мекард.
“Вақте ба минтақа омад, ба талошии манзилҳои мардум пардохт ва ҳудуди 30 нафар аз мардуми мулкиро бо худ бурд, ки то ба ҳол сарнавишташон номаълум аст”, - гуфт манбаъ.
Қаблан ин гузоришҳо низ пахш шуда буданд, ки ин ҳамларо Ҳомид Сайфӣ, муовини фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тарроҳӣ, ҳатто худаш дар он ширкат карда, захмӣ шудааст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, фармондеҳ Сайфӣ дар ин ҳамла ширкат надошт ва захмӣ ҳам нашудааст.
Комиссия барои поксозии сафи "Толибон"* аз "афроди бадкор" фаъол шуд
“Ин ҳамларо чирикиёни марбути худи Оноба анҷом дода, ба кӯҳҳои Обдара паноҳ бурдаанд. Теъдоди онҳое, ки камин гирифтанд, ҳамагӣ 5 нафар аз ҷанговарони зубдаи муқовимат буд. Аз ин ба баъд, ҳамчунин ҳамлаҳо ба масъулини “Толибон”* дар саросари Панҷшер ва хориҷ аз он анҷом хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао мекунад, ки бар 70%-и дараи Панҷшер ва 10%-и минтақаи Андаробҳо тасаллут дорад. Тамоми минтақаи таҳти нуфузи онҳо кӯҳистоноти саъб-ул-убур буда, ки то ба ҳол пойи ягон толиб нарасидааст. Марокизи вилоят ва 7 вулусволии вилояти Панҷшер рӯзҳои 5 ба 7 сентябр дар пайи як даргирии шадид, ки як ҳафта идома дошт, пас аз кӯмаки ҳавоии тайёраҳои покистонӣ ба дасти “Толибон”* суқут карданд. Дар ин ҷангҳо беш аз 300 нафар аз мардуми мулкӣ ва Ҷабҳаи муқовимат ҷони худро аз даст дод, ки ҳудуди нисфашро маҳз зодагони дараи Панҷшер ташкил мекунанд. Теъдоди кушташудагони “Толибон”* аз як то ду ҳазор нафар гуфта мешавад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар