Фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия размоиш дар Тоҷикистонро назорат мекунад

Фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия омодагии воҳидҳои низомиро дар марҳилаи ниҳоии се размоиши СААД дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди санҷиш қарор медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Генерал-полковник Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия ба Тоҷикистон омадааст. Ҳадафи сафар назорати размоишҳоест, ки дар Тоҷикистон оғоз шуданд, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
"Лапин дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон ташкили кори нуқтаи фармондеҳии нерӯҳои муштараки фаврии СААД-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Инчунин гузоришҳои фармондеҳонро дар мавриди омодагиҳо ба машқҳои "Эшелон - 2021" ва "Ҷустуҷӯ - 2021" месанҷад", - омадааст дар иттилоия.
“Су-25”-и Русия дар Тоҷикистон: омодагӣ ба ҳамла
Маврид ба зикр аст, ки дар ду размоишгоҳ дар наздикии марз бо Афғонистон аз 18 то 23 октябр якбор се размоиш дар ҳоли баргузорист. Аз ҷумла "Ҷустуҷӯ - 2021" - тамрини хадамоти истихборотии кишварҳои узви СААД, "Ҳамкорӣ - 2021" - машқи нерӯҳои зудамал ва "Эшелон - 2021" - тамрини воҳидҳои таъминоти моддӣ - техникӣ гузаронда мешаванд.
Дар машқҳои муштарак чор ҳазор низомӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ ба кор бурда мешаванд.