Русия

Русия ба оилаҳои муҳоҷирон иҷозати вуруд дод

Муҳоҷироне, ки дар Русия ба таври доимӣ иқомат мекунанд, акнун метавонанд пайвандони худро низ ба ин кишвар даъват кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Русия қисман чораҳои зидди коронавирусӣ роҳандозӣ шуданд. "Telegram - канал"-и Депортаменти консулии ВУХ Русия хабар медиҳад, ки акнун вуруд ба ин кишвар барои пайвандони муҳоҷироне, ки ба таври доимӣ дар қаламрави Русия иқомат мекунанд, иҷозат дода шуд.
Ба аъзои оилаи муҳоҷирон, аз ҷумла ҳамсар, падару модар, хоҳару бародар, бобою бибӣ, набера, фарзандхону парасторон дохил мешаванд.
Гуфта мешавад, барои ворид шудан ба Федератсияи Русия аъзои оилаи хориҷиён бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё далели васоятро пешниҳод кунанд.
Русия
Дар Русия эҳтимол маоши муҳоҷирон зиёд шавад
Барои он ки хешовандони муҳоҷирон аз кишварҳои дорои низоми бидуни раводид ба Русия оянд, шахси даъваткунанда бояд ба Вазорати корҳои дохилӣ барои додани даъватнома муроҷиат кунад. Дар асоси муроҷиат консулгарии Русия ба наздикони муҳоҷир раводиди муқаррарии инфиродӣ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба Русия 16 марти соли 2020, бо сар задани пандемия ҷорӣ карда шуда буданд.
Сипас чораҳо оид ба паст кардани суръати паҳншавии коронавирус тадриҷан заиф шуданд.