Дар Тоҷикистон замин ҷунбид

Заминларза дар ҷумҳурӣ соати 12:21 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад, гузориш медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон.
Заминларза соати 12:21 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Қувваи заминҷунбӣ 4,2 баллро ташкил медиҳад.
Масоҳати заминҷунбӣ - 37.69 дараҷаи арзи шимол ва 72.22 дараҷаи тӯли шарқ буда, зилзила дар умқи 10 километр ба вуҷуд омадааст.
Заминларза дар Тоҷикистон
Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 474 километр будааст. Маълум нест, ки ларзиши навбатӣ дар қаламрави давлати ҳамсоя эҳсос шудааст ё на.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафот ва харобӣ дар қаламрави кишвар хабар надодааст.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи қаблӣ дар қаламрави Тоҷикистон 5 октябр рух дода буд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, шиддати он ба 2 баробар буд. Он зилзила дар вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро ва чанд минтақаи дигари Ӯзбекистон ҳис шуда буд.