Президент дар Порис бо фарзанди Оқохони IV вохӯрду таманниёти Аълоҳазратро шунид

Шоҳзода Раҳим Оқохон ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамкориҳо ва дастовардҳои шабакаҳои Оқохон дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан дар шаҳри Порис қарор дорад, бо фарзанди имоми исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳ Карим Ал-Ҳусейнӣ Оқохони IV вохӯрд.
Котиботи AKDN аз ин вохӯрӣ чанд акс мунташир намуда навиштааст, ки вохӯрии Шоҳзода Раҳим ва Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабиние иттифоқ афтод, ки ба 30 -юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Ин чорабинӣ дар бинои Қасри ЮНЕСКО баргузор гардид.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ Шоҳзода Раҳим ба раисҷумҳури Тоҷикистон таманиёти самимии Волоҳазрат Оқохони IV - ро расондааст.
Раҳмон ва мудири кулли ЮНЕСКО мероси фарҳангии тоҷиконро баррасӣ карданд
Шоҳзода Раҳим изҳор доштааст, ки Аълоҳазрат дуогӯи ҳамешагии шукуфоии Тоҷикистон аст.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо ва дастовардҳои шабакаҳои Оқохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.