ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дурнамои махсуси мулоқоти президентҳои Русия ва Украина бинобар амалҳои Киев ва иддаои Владимир Зеленский ба назар гирифта намешавад, гуфт Дмитрий Песков ба хабарнигор Павел Зарубин дар барномаи "Москва, Кремл, Путин".
Песков изҳор дошт, ки бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбат кардан ниҳоят душвор аст.
"Масалан, ҷаноби Зеленский якравона Русияро ҷонибдори низоъ дар ҷанубу шарқи кишвар меномад. Ин чунин нест", - шарҳ дод Песков.
Вай таъкид кард, ки ҷонибҳои муноқиша дар Созишномаҳои Минск, ки Шӯрои Амнияти СММ тасвиб кардааст, тавсиф шудаанд.
"Муошират бо Зеленский барои Путин хеле душвор аст. Путин барои ҳар як сухани худ ҷавоб мегӯяд. Амали ӯ аз рӯи гуфтораш анҷом меёбад, аммо вақте чунин кор бо ҳамсуҳбатони ӯ мувофиқ намеояд, ин хеле душвор аст", - тавзеҳ дод Песков.
Аз ин рӯ дурнамои мушаххаси мулоқоти Путин ва Зеленский вуҷуд надорад ва Киев созишномаҳои Минскро ҳам иҷро намекунад, илова намуд сухангӯ.
Аввали ҳафтаи равон раҳбарони Фаронса ва Олмон ду гуфтугӯи сеҷонибаи телефонӣ доштанд: аввал бо Зеленский, сипас бо Путин. Онҳо аз лағжиши ҳалли муноқишаи дохили Украина изҳори нигаронӣ карда, аҳамияти созишномаҳои Минскро ҳамчун заминаи баҳснопазири ҳалли масъала таъкид карданд. Дар натиҷа, Париж, Берлин, Москва ва Киев ба баргузории нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ розӣ шуданд.