Муҳиддин Музаффар аз филми миллиондоллариву қаҳрамони баҳсбарангез ва арзиши чиптаҳо гуфт
Коргардони тоҷик мегӯяд, ҳама ҷидду ҷаҳдаш барои пур кардани синамост
SputnikДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Муҳиддини Музаффар, коргардон ва муассиси киностудияи "Суғдсинамо" филми наваш "
Один на миллион" (Аз миллион яке)-ро дар Русияву Қазоқистон рӯнамоӣ кард ва намоиши он дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Коргадони ҷавонро мухлисонаш аллакай аз рӯи киноҳои "Коса", "Тангно", "12 соли интизорӣ" ва "Сайёра ранг иваз мекунад" хуб мешиносанд.
Инак, ӯ баъди ҳудудан чор соли эълони омодасозии филми нав онро ба тамошобинон пешкаш кард. Ба қавли худаш, "бо пешниҳоди "Один на миллион" вай кӯшиш кард, ки ба сатҳи наву байналмилалӣ барояд".
Sputnik Тоҷикистон бо Муҳиддин Музаффар дар бораи маҳсули эҷоди ахираш ва дастоварду мушкилиҳои киностудияи "Суғдсинамо" суҳбат кард.
Пештар номи онро "Наставник" ё "Мураббӣ" эълон карда буданд, аммо ба "Аз миллион яке" тағйир ёфт.
"Дар номгузорӣ аз ман бештар продюсерон нақш доштанд. Баъд талаботи харидор ва ҷалби диққати бинандагон ба назар гирифта шуд", - таъкид мекунад Муҳиддин.
Чаро маҳз ӯ?
Пас аз нашри "Один на миллион", ки тарҷумаҳолӣ буда, аз сарнавишти тоҷир ва психолог Саидмурод Давлатов нақл мекунад, такрори суоли "чаро маҳз ӯ?" шояд бархеҳоро хаста ҳам карда бошад.
Афзун бар ин таъбири "шеъри худам, оҳанги худам ва худам месароям" ба хотир меояд, зеро нақши асосиро касе иҷро карда, ки қисса дар бораи ӯст.
Дар чунин ҳол оқои Музаффар, ки бо серталабиаш аз ҳунармандон маъруф аст, мегӯяд, барои аз як тоҷир як актёр сохтан "титу питашро баровард". Аммо чун нисбати ӯ эҳтиром дошт, ва "таҷрибаашро намунаи ибрат, ҷои ифтихор ва муаррифӣ ба ҷаҳониён медонад", дар омода кардани вай барои иҷрои нақш талош намуд.
Вай меафзояд, ки шахсияти Давлатовро аз соли 2012 омӯхтааст. Соли 2015 нахустин бор пешниҳод карда, ки дар борааш ба ин шева асаре офаранд.
"Ӯ нафаре аст, ки аз сифр худро сохтааст, ман ҳеҷ гоҳ бекораш надидаам, доим китоб мехонад ва худро тақвият медиҳад, тамоми зиндаги худро тарҳрезӣ ва тибқи он амал мекунад", - бовар дорад муаллифи "Аз миллион яке".
Муҳиддин изҳори нигаронӣ мекунанд, мунаққидони равоншинос баъди тамошои саҳнаҳои зиндагии ӯ ва пайроҳаи тайкардааш вай, қаҳрамонаш ва "Суғдсинамо"-ро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд, ки гӯё барои пиар кардан маблағгузорӣ шудаву дар ин бора фармоиш гирифтааст.
"Ин тавр нест. Мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки чунин масири зиндагии гузаштаи ин тоҷирро аз тариқи дурбин барои мардум муаррифӣ кунем", - мегӯяд вай.
Коргардон эътироф мекунад, ки ин дафъа масъалаи маблағгузорӣ ба ин равоншинос дахл надошт. Пештар Саидмурод Давлатов арзиши маҳсули эҷоди оқои Музаффарро 5 миллион доллар арзёбӣ карда буд.
"Лекин барои офаридани чунин ривоятҳо аз тариқи дурбин дар сатҳи байналмилал мо ба Давлатов ва командааш бештар ниёз доштем, то ӯ ба мо. Мо хостем нишон диҳем, ки коргардонҳои тоҷик низ, агар имкон дошта бошанд, метавонанд як чизи ҳирфаӣ офаранд. Баъди нашри он "Суғдсинамо" ба сатҳи нав гузашт ва омодаи фатҳи қуллаи нав гардид ", - қайд мекунад вай.
Вижагии дигар дар ин кори мо он аст, ки продюсерони хориҷӣ ба монанди Илнур Гафтулин, Назирке Кибаева ва оҳангсози машҳури ӯзбекистонӣ Шери Мершелро ба ҳамкорӣ ҷазб карда, ҳуранмандони машҳури рус Александр Горевой, Александр Песков ва Любов Фирсова нақш бозидаанд.
"Аз маҳорати ҳунармандони хориҷӣ дар ҳайрат мондам. Аввал фикр кардам, ки бо онҳо кор кардан бароям мушкил мешавад. Аммо баръакс актёрҳои рус ҳамеша ба майдони наворгирӣ тайёр меомаданд, он чиро ки ман мехостам, дарҳол пай бурдаву дунболи кор мешуданд. Ин бароям як таҷрибаи бузург буд",- қайд мекунад вай.
Бояд қайд кард, ки рекламаи кино низ ҳатто пеш аз эълони намоиши он хело густурда ба роҳ монда шуда буд. Аммо бархеҳо аз арзиши билети намоиш шикоят карданд.
Бояд фарҳанги кинотеатр рафтанро роҳандозӣ кард
Дар сомонаи расмии "Один на миллион" нархи нахустнамоиш дар Русия то 7 ҳазору 700 рубл ва дар Тоҷикистон то 200 сомонӣ нишон дода шудааст. Намоишҳои дигар 400 рубл дар Русия ва то 40 сомонӣ дар Тоҷикистон арзиш доранд.
Аммо ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки нахустнамоиш гарон ҳам бошад, дар дигар маворид офаридаашон нархи дастрас хоҳад дошт.
"Нафароне, ки имкони бар ивази 200 сомонӣ ширкат дар нахустнамоишро надоранд, метавонанд баъдан тамошо кунанд. Ман боварӣ дорам, нафаре, ки аз нархи гарон шикоят мекунад, арзон ҳам шавад, намеравад, ин баҳонае беш нест", - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи коргардон, ҳадафи рақами яки "Суғдсинамо" баргардонидани тамошобинон ба кинотеатру театр аст.
Коргардон бар он аст, ки истеҳсоли ватанӣ ва рекламаи густурдаи он боиси ҳарчи бештар мухлис пайдо кардани асари намоишии ӯ мешавад ва ниҳоят одамон ба синамо одат мекунанд.
Ба фикри вай, маҳз бо сабаби он ки "талаботи тамошобинон дар дохил қонеъ намешавад", мардум ба тамошои телевизионҳои ӯзбекиву хориҷӣ рӯ меоваранд.
"Масалан, дар Ӯзбекистон тоҷирон бисёртар аз реклама аз тариқи маблағгузорӣ ба филму намоишномаҳо истифода мебаранд. Зеро арзиши реклама дар телевизионҳои давлатӣ ниҳоят гарон аст. Дар натиҷа ин боиси ҳарчи бештар сарпараст пайдо кардани коргардонҳо мешавад", - мегӯяд ӯ.
Ба қавли Муҳиддин, дар Тоҷикистон, баръакс ҳаққи пахши реклама дар телевизион арзон аст ва сарпарастон фаровон аз он истифода бурда, дигар ниёзе ба филмофарон боқӣ намемонад. Дар ҳамин ҳол мушкилии аслии "Суғдсинамо" молӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд ин киностудия давлатӣ аст, маблағгузории он ночиз гуфта мешавад.
"Замоне расидааст, ки ба омода кардани силсилафилмҳои ватанӣ камар бандем. Ҳоло "Один на миллион" дар шакли сериол омода аст ва баъди пурра ба мардум дастрас шудани версияи аввал силсилафилм пешниҳоди бинандагон мешавад"
Муҳиддини Музаффар барои мухлисонаш хушхабари дигаре дорад, ба наздикӣ офаридаи дигараш бо номи "Дов" омода хоҳад шуд.