ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Мутахассисон метавонанд бархе аз бемориҳоро аз рӯи бӯйи бадан муайян кунанд. Дар ин бора дар суҳбат бо "Вечерная Москва" табиб Александр Эдигер изҳор доштааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки одатан бӯй аз гирифторони бемориҳои ҷигар ва гангренаи шуш эҳсос мешавад. Инчунин бӯй аз гирифторони бемории музмини қанд низ бадар мешавад.
Эдигер таъкид намуд, ки ба ин ҳад беморон дар ҳолатҳои муқаррарӣ дучор намешаванд.
Табиб хотиррасон намуд, ки то вақтҳои охир барои бисёре аз пизишкон бӯй яке аз меъёрҳои мууайянкунандаи беморӣ буд.
Қаблан мактаби классикии терапевтӣ ба муҳассилин нозукиҳои бӯйҳоро таълим медод. Аз рӯи бӯй мутахассисон метавонанд намуди бемориро муайян созанд.
Маврид ба зикр аст, ки бархе табибон аз рӯи бӯй аз даҳон метавонанд навъи бемориро муайян соозанд. Табиби дараҷаи аввал, Лина Муродова тавсия медиҳад, ки дар сурати хуруҷи бӯй аз даҳон гирифторон аз ташхиси дандонпизишк, отоларинголог ва гастроэнтеролог гузаранд.
Бӯй аз даҳон дар бисёри ҳолатҳо нишондиҳандаи бемории музмини тонзиллит, гастрит ва рефлюкси гастроэзофагелӣ мебошад.