Русия

Сироятшинос афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Русияро шарҳ дод

Сироятшиноси рус Пшеничная афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19-ро бо мавсим ва штамми делта алоқаманд медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус бо мавсими тирамоҳ ва штамми делта алоқаманд аст, гуфт Наталя Пшеничная, муовини директор оид ба корҳои таҳлилии Институти марказии тадқиқотии эпидемиологияи "Роспотребнадзор", дар суҳбат бо РИА "Новости".
Афзоиши ҳаррӯзаи COVID-19 дар Русия ҳадди аксарро гузашту рекордӣ шуд. Дирӯз дар Русия 33 208 ҳолати нави беморӣ сабт шуд.
"Афзоиши пешбинишудаи мавсимии гирифтории COVID-19 ба штамми делта, ки суръати баланди сирояткунӣ дорад, изофа шуд", - гуфт Пшеничная.
Вай тавзеҳ дод, ки агар қаблан як нафари бемор танҳо 2-3 одамони солимро сироят мекард, бо делта дар сурати риоя накардани чораҳои эҳтиётӣ, мавориди сироят ба 5-6 нафар мерасад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабаби нави марг аз коронавирус маълум шуд
Барои муқовимат ба паҳншавии вирус бояд чораҳои пешгирикунандаро риоя кард ва ваксина гирифт, таъкид кард Пшеничная.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи охир дар Русия сироятшавӣ ба вируси корона дар ҳоли афзоиш аст.
Дирӯз дар кишвар фавт ва сабти ҳолатҳои нав рекордӣ шуд.
Ҳамин тавр шабонарӯзи гузашта дар Русия 33 208 нафар бо вирус олуда шуду 1002 кас ҷони худро аз даст дод.