ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мардуми ноҳияи Шуғнон рӯзи қабули раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа, аз мушкилоташон гуфтаанд, хабар медиҳад мақомоти ноҳия.
Гуфта мешавад, ки 39 сокини ноҳияи Шуғнон тавонистаанд аз камбудиҳои худ дар назди мақомоти ноҳияи арза дошта бошанд.
Манбаъ афзуда, ки дар рӯзи қабул сокинони ноҳия бо масоили гуногун ба раиси ноҳия муроҷиат намудаанд.
"Аз ҷумла, доир ба масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, баҳси замин ва амволи хоҷагӣ, замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд ", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин сокинон масъалаи расонидани кумаки яквақтаи молиявиро бо мақомот баррасӣ кардаанд.
Раиси ноҳияи Шуғнон - Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир
© Facebook/МИҲД. Шуғнон
Манбаъ афзуда, ки раиси ноҳия пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои ноҳиявӣ барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас додааст.