ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ барои ширкат дар музокироти қаблан пешбинишуда бо ҳайати Ӯзбекистон ба Тирмиз омад.
Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Ӯзбекистон Юсуп Кобулҷонов дар шабакаи "Telegram" -и худ хабар додааст.
Тарафҳо дар бораи ин мулоқот 7 октябр дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Кобул мувофиқа карда буданд. Сипас ба тасмими муштарак музокирот ба рӯзи 15 октябр гузаронида шуд, аммо баъдтар бидуни шарҳи сабаб боз ба таъхир афтод.
Ҳайати Афғонистонро дар музокирот муовини сарвазири ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ, ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ Сардор Умурзоқов сарварӣ мекунанд.
Ҷонибҳо масоили тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин дар назар аст, ки роҳҳои бартараф кардани монеаҳо дар афзоиши гардиши тиҷорати мутақобила муҳокима шавад.
Инчунин дар ин музокирот сухан дар бораи оғози лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи Сурхон-Пули-Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар меравад.
Ҳамзамон ҷониби Афғонистон омодагии худро барои таъмини амнияти мутахассисони ӯзбек, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ҷалб шудаанд, изҳор дошааст.
Ҷониби "Толибон"* аз кумакҳои президенти Ӯзбекистон изҳори ташаккур карда, хостааст, ки барои бозкушоии суратҳисобҳои Афғонистон дар хориҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунад.
Бино ба иттилои вазорат, намояндаи "Толибон"* қатъиян изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ ба амнияти Ӯзбекистони бародар аз қаламрави Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшонро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар