ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави сирояти коронавирус ошкор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ дар як рӯзи охир табибон ду бемореро сабт карданд, ки ташхиси онҳо аз COVID - 19 мусбат будааст.
Аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар Тоҷикистон 17 086 нафар гирифтори ин вабои аср шуданд ва 16 960 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сирояти COVID-19 ба таври расмӣ рӯзи 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон кашф шуда буд.
Қобили зикр аст, ки аз миёнаҳои моҳи сентябр то 15 октябр дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд.