ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Лавров мегӯяд, барои кишварҳои Ғарб эътидоли дохилии Русия ва афзоиши нуфузаш дар сатҳи ҷаҳонӣ писанд нест.
Вазири умури хориҷӣ муътақид аст, ки маҳз ин омил сабаби талоши Ғарб барои фишор ба Русия мебошад.
Лавров рӯзи ҷумъаи 15 октябр зимни суханронӣ дар Анҷумани ҷаҳонии ҳамватанони Русия талошҳои Ғарбро барои дахолат ба умури хориҷии кишвараш тавзеҳ додааст.
"Ба таври ошкор ба шарикони ғарбиамон рушди мунтазами дохилии Русия ва таҳкими мақомаш дар саҳнаи байналмилалӣ мақбул нест", - изҳор дошт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки дар чунин ҳол талошҳо барои фишор ба Русия пеш гирифта шудаанд.
"Фишорро аз тариқи бастаи василаҳои ғайриқонунӣ амалӣ карданӣ мешаванд, ки аз таҳримҳои яктарафаю таҳрикҳои иттилоотӣ то дахолат ба корҳои дохилии Русияро дар бар мегиранд", - илова намуд Лавров.
Анҷумани ҷаҳонии ҳамватанони Русия рӯзи 15-уми октябр дар шаҳри Маскав оғоз шуда, интизор меравад, ки ду рӯз давом ёбад. Дар ин ҳамоиш беш аз 400 нафар аз зиёда аз 100 кишвари дунё иштирок мекунанд.