Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Меҳргон табрик кард

Президенти Тоҷикисотон мегӯяд, дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро ба ҷашни бостонии Меҳргон табрик кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванд будани инсон ба табиат арҷ мегузоштанд, гуфтааст президент.

"Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад", - омадааст дар паёми раисҷумҳур

Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд.
Ба гуфтаи президент, Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор рафта, тибқи маълумоти манбаъҳои таърихиву адабӣ, бунёдгузории ин ҷашн ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат дода мешавад

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, бахусус тоҷикон аст, ки камобеш 4 ҳазор сол торих дорад. Меҳргонро бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар Душанбе ҷашни Меҳргон 17 октябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулкосим Фирдавсӣ таҷлил мешавад.
Дар ин ид деҳқонини кишвар дастранҷи хешро ба намоиш мегузоранд ва маъракаҳои фурӯши ниҳолу техникаҳои кишоварзӣ низ доир мегардад.
Ҳамзамон дар ин ҷашн хӯрокҳои миллӣ намоиш дода шуда, барномаҳои фарҳангӣ низ баргузор мешаванд.