Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Нимсеру нимгурусна: ҳолати вазнини ятимхонаи Кобул - гузориши тасвирӣ

Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон"* сармоягузории хонаи ятимон қатъ шуд ва имрӯз аҳволи ятимхонаҳои Кобул вазнин аст
Sputnik
1 / 12

Самираи 9-сола дар ятимхона, дар Кобули Афғонистон. Самира орзу дорад, дар оянда духтур шавад. "Ман мехоҳам ба Ватанам хидмат кунам ва дигаронро аз беморӣ наҷот диҳам. Инчунин мехоҳам, ки духтарони дигар таҳсил кунанд, то онҳо дар оянда мисли ман табиб шаванд", - мегӯяд ӯ бо табассум.

2 / 12

Мутеуллоҳ ва Аминуллоҳ дар дохили ҳуҷраи худ дар ятимхонаи Кобул барои рафтан ба мактаб омодагӣ мегиранд.

Ятимхонаҳои ба ин монанд нақши барҷастаеро дар тарбияи кӯдакон дар Афғонистон мебозанд.

Набудани маблағгузорӣ аҳволи кӯдаконро вахим мекунад.

Мудири ятимхона Аҳмад Халил Маян мегӯяд, "қаблан мо ба онҳо дар як ҳафта ду бор мева ва ду бор гӯшт медодем, аммо акнун як маротиба ё умуман наметавонем онҳоро гӯшту мева бидиҳем".

3 / 12

Гулшан, як корманди ятимхона барои наҳори кӯдакон чой ва нон омода мекунад.

4 / 12

Самираи 9-сола пас аз дарс бо як дӯсташ дар ятимхона бозӣ мекунад.

5 / 12

Самираи 9-сола ва дигар кӯдакони ятимхона бо автобус ба мактаб мераванд.

6 / 12

Кӯдакон ҳангоми дарс дар яке аз ятимхонаҳои шаҳри Кобул.

7 / 12

Кӯдакон пас аз дарс дар ятимхона бозӣ мекунанд.

8 / 12

Самираи 9-сола пас аз дарс дар ятимхона бозӣ мекунад.

9 / 12

Майдончаи бозӣ дар яке аз ятимхонаҳои шаҳри Кобул.

10 / 12

Духтарон дар ятимхонаи Кобул дарс меомӯзанд.

11 / 12

Аҳмад Халил, мудири 40-солаи ятимхона бо духтаре вазифаҳои хонагиро баррасӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, пештар фаъолияти ятимхонаро сармоягузорони хориҷӣ дастгирӣ мекарданд, вале ҳоло ҳамаи онҳо кишварро тарк кардаанд, дар чунин ҳол онҳо кӯшиш мекунанд, кори ятимхонаро бо пулу ғизои кам пеш баранд.

12 / 12

Самира ва як дугонааш пас дарс ба ҳуҷраҳояшон мераванд.