ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки баро тамоми фазои пасошӯравӣ як таҳдиди амниятӣ аст.
Вай ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17-умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
"Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, ин вазъ барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, як таҳдид аст".
Ба гуфтаи Ятимов, "талошҳои мушаххас"-е вуҷуд дорад, ки террористон аз дини ислом барои ноором кардани вазъи минтақа истифода кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон баргузор шуд.
Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки "Толибон" (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон бештар ва дар 15 август қудрат дар Кобулро тасарруф кард.
Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор ва низоми қаблӣ пурра суқут намуд.
"Толибон" (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия ) аввали моҳи сентябр кобинаашро эълон кард, ки ин иқдом боиси эътирозҳо гашт ва бинобар ҳамашумул набудани он то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё ҳукумати толибонии Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.