Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ гуфт, ки вазъ дар Афғонистон мураккаб аст ва он ба кишварҳои ҳамсоя низ таҳдид мекунад.
Путин ҳамлаҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказиро истисно накард.
Вай афзуд, ки ҳоло дар минтақаи ноустувор гурӯҳҳои террористии ДИИШ* мавҷуданд, ки фаъолона аз Ироқ ва Сурия берун меоянд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи раҳбари Русия, ҷангҷӯён саъй хоҳанд кард, ки "вазъро дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, то оғози тавсеаи мустақим" ноором кунанд.
Хунсо кардани чунин таҳдидҳо, ба гуфтаи Путин бояд яке аз вазифаҳои хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ гардад.
* - ДИИШ созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон