Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фаронса Эммануэл Макрон дар Осорхонаи миллии санъати шарқшиносии Гимет дар Париж намоишгоҳи деринтизори нигораҳои қадимиро боз карданд.
Ба намоишгоҳи "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тилоӣ" беш аз 200 нигораи гуногун аз ду осорхонаи Тоҷикистон фиристода шуд.
Ба гуфтаи Макрон, ин намоишгоҳ натиҷаи меҳнати чандинсолаи бостоншиносон ва мудирони осорхонаҳои Тоҷикистону Фаронса мебошад.
Намоишгоҳи фарҳанги тоҷикро то 10 январи соли 2022 дидан мумкин аст.
Ифтитоҳи он ду сол қабл ба нақша гирифта шуда буд, аммо бинобар пандемияи коронавирус иҷрои он ғайриимкон буд.
Ҳоло дар Осорхонаи миллии санъати шарқ шумо нодиртарин осори таърихиро метавонед бубинед, ки аксари онҳо ҳеҷ гоҳ аз Тоҷикистон берун бурда нашуда буданд.
Дар Париж чароғҳои оинҳои гуногун, зарфҳо ва бисёр дигар нигораҳои беназир, аз ҷумла ҷавоҳир аз асрҳои 5-3 (пеш аз милод) намоиш дода мешаванд.
Тамошобинони намоишгоҳ имкон доранд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ дар бораи давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон, монанди давраи пеш аз милод - “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кӯшониён” ва “Давлати Сосониён” огоҳ шаванд.
Намунаҳои пешниҳодшуда аз ду осорхонаи калон - Осорхонаи миллии Душанбе ва Осорхонаи миллии бостоншиносӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Маълум аст, ки дар ҷараёни намоиш ба меҳмонон, инчунин филмҳо ва наворҳои тоҷикӣ дар бораи мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Тоҷикистон бо чанд забон намоиш дода мешаванд.