Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Порис - гузориши аксӣ

Маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Фаронса
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон аз истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис гузориши аксӣ нашр кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Порис намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса истиқбол гирифтанд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, дар Порис Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти меҳмонхона ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Фаронса пазироӣ кардаанд. Аз соли 2018 то ҳол дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло, писари калонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони дигари воломақоми ин кишвар дар назар аст.
Встреча со спецпредставителем ЕС по Центральной Азии Тери Хакала
Раҳмон хонум Ҳакаларо бинобар истихдомаш шодбош гуфту ҳамкориро баррасӣ намуд
Манбаъ афзуд, ки раисҷумҳур ҳамчунин дар чорабинии фарҳангии намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамояд.