Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи "Мерседес-Бенс" дар шаҳраки Ғарм

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳраки Ғарм духтари ҷавоне ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тайи як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ як сокинии шаҳраки Ғарм даргузашт, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса нисфирӯзии 12-уми октябр, тахминан соати 14:20 рух додааст.
Ронандаи худрави "Мерседес-Бенс", сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт будааст.
Бино ба гузориши манбаъ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Навобод ба тарафи шаҳраки Ғарм, дар кӯчаи Э. Муҳиддини ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини шаҳраки Ғарм, духтари 27-соларо пахш намудааст.

"Дар натиҷа пиёдагард Э. С. Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Бояд гуфт, ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон чандин садамаи нақлиётӣ рух медиҳад, ки боиси талафоти ҷонӣ мешаванд.
Садамаи маргбор дар Данғара: худрави ҳомили се ҳамсинф чаппа шудааст
Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод намуд, ки тибқи он, ҷазо барои пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро риоя намекунанд, сангинтар мешавад.
Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"
Ҳамин тавр агар то имрӯз ҷаримаи он пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, ҳафт сомонӣ бошад, пас аз қабули лоиҳаи мазкур ин шохис то 30 сомонӣ боло бурда мешавад.
Тибқи омор, соли 2020 танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар 183132 маврид қоидаи ҳаркат дар роҳ риоят нашудааст, ки аз ин 35926 мавриди онро пиёдагардон содир кардаанд.