“Пирамардони азизам”: сарбозони Русия дар Тоҷикистон дар Батош

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон ба аёдати бошандагони хона-интернати шаҳраки Батоши шаҳри Турсунзода рафтанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ин боздид ба хотири Рӯзи байналмилалии солмандон буд ва онҳоро ёвари фармондеҳи пойгоҳ дар умури низомиёни мутадаййин, раҳбари калисои низомии Ивер Роман Чебоненко роҳбарӣ мекард.
Маркази матбуотии пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи ҳунарии "Қалъаи ҷанубӣ (Южний форпост)" таронаи маъруфи “Пирамардони азизам” ва дигар оҳангҳоро барои солмандон иҷро кард.
Сарбозони пойгоҳи низомии 201 дар хона – интернати шаҳраки Бактоши шаҳри Турсунзода
“Тими мактаби якшанбе барномаи "Қошуқчиҳои шод"-ро иҷро кард ва тавоноии худро дар бозӣ бо қошуқ ба намоиш гузошт. Гурӯҳи рақсии "Арғушти русӣ" барномаи хореографии "Садбарг" ва дигар барномаҳои хореографии муосирро иҷро кард, ки дар пайи он бошандагони хона-интернат барои пиронсолони Батош ба рақс даромаданд”, - гуфт манбаъ.
Сарбозони пойгоҳи низомии 201 – и Русия мустақар дар Тоҷикистон ба аёдати бошандагони хона – интернати шаҳраки Бактоши шаҳри Турсунзода рафтанд.
Ҳамчунин дар ин боздид сарбозони пойгоҳи 201-и Русия ба солмандон шириниҳо ҳадя карданд, ки тавассути аъзои хонаводаи сарбозон ва нигораҳое ҳам аз хонандагони мактаби русии №6-и Вазорати дифои Федератсия Русия таҳия шуда буданд.
Барои касоне, ки ба далоили беморӣ натавонистанд дар консерт ширкат кунанд, сарбозон ҳадяҳоро ба утоқҳояшон бурданд.
Сарбозони пойгоҳи низомии 201 – и Русия мустақар дар Тоҷикистон ба аёдати бошандагони хона – интернати шаҳраки Бактоши шаҳри Турсунзода рафтанд.
Дар поёни консерт раиси собиқадорони пойгоҳи 201-и Русия майори захира Абдурашид Раҳмонов ба намояндагӣ аз фармондеҳии пойгоҳу аз тарафи худ Иди солмандонро табрик гуфт ва ба онҳо орзуи саломативу умри бардавом кард.
Рӯзи ҷаҳонии солмандон ҳамасола 1 октябр дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.