Садамаи маргбор дар Данғара: худрави ҳомили се ҳамсинф чаппа шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти боз як садамаи маргбор дар ноҳияи Данғара хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, "Тойота"-и ҳомили се марди 34-сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯ чаппа шудааст.
ВУД тавзеҳ дод, ки ҳодиса шоми 10-уми октябр, замоне рух додааст, ки худрави "Тойота-Камри" таҳти идораи сокини 34-солаи ноҳияи Данғара аз шаҳри Душанбе ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард.
Садама дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ": мошин бо 5 нафар ба ҷарӣ сарозер шуд
Ба иттилои манбаъ, ронанда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ду мусофири дигари "Тойота", соли таваллудашон 1987, сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.