Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 40% иҷро шуд: ВМКБ пешқадам аст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, 10 рӯзи даъвати наваскарон беш аз 40 дарсади нақша иҷро шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар давоми 10 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чанд дарсади нақшаро иҷро карданд.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ 96 дарсади нақшаро иҷро кардааст.
Аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ пурра нақшаро ба анҷом расонидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон имзо кард: ҳаҷми пули хизмат ва тартиби он маълум шуд
Аз рӯзи оғози маъракаи даъват то санаи 10 октябр иҷрои тарҳи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 32 фоиз иҷро шудааст.
Манбаъ афзуд, вилояти Хатлон 25 дарсади нақшаро иҷро карда, дар ин минтақа танҳо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз анҷоми пурраи даъват хабар додааст.
Навоҳии тобеи марказ бошанд, 61 фисади нақшаи даъватро иҷро кардаанд. Шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш бошанд, аз анҷоми нақшаи пешбинишуда гузориш додаанд.
Шаҳри Душанбе давоми 10 рӯз 49 фоизи нақшаи тирамоҳии даъват ба артишро иҷро кардааст.
Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб мешаванд.
Қувва ва қудрат: Тоҷикистон омодагии ҷангии худро нишон дод - 19 акс
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.