ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ташхиси ройгони коронавирус дар бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои чандманзура дар Маскав дастрас мебошад, иттилоъ дод Анастасия Ракова, ноиби шаҳрдор.
Сокинони Маскав аз рӯзи душанбеи 11 октябр метавонанд дар 10 дафтари "Ҳуҷҷатҳои ман" ё худ "Мои документы" ва 10 ҷойи машҳури ҷамъиятӣ, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, ГУМ ва фудмолли "Депо" аз ташхис гузаранд.
Ба гуфтаи Ракова, чунин санҷиши оммавӣ имкон медиҳад, ки табобати саривақтӣ оғоз шаваду аз бад шудани вазъи сиҳатии сокинон ҷилавгирӣ шавад.
Тамоми сокинон сарфи назар аз син метавонанд аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Барои гузаштан аз ташхис дар ин гуна ҷойҳо бузургсолон бояд бо худ шиноснома ва кӯдакон шаҳодатномаи таваллуд дошта бошанд.
Муроҷиаткунанда тайи 15 дақиқа аллакай метавонад натиҷаи ташхисашро гирад ва сатҳи дақиқии чунин ташхис 85 дарсад арзёбӣ шудааст.
Дар сурати натиҷаи мусбати коронавирус дар худи ҳамон ҷо санҷиши ПСР гузаронда мешаваду беморро фавран ба хона мефиристанд, то эҳтимоли иртиботаш бо атрофиён кам шавад. Беморро зарур аст, ки то муайян шудани натиҷаи ташхиси ПСР, ки як шабонарӯз вақт мегирад, дар хона бимонад. Натиҷаи санҷиш тариқи паёмак фиристода мешавад.