Нуринисо Абдулмаинова зодаи Тоҷикистон дар ин озмун барандаи ҷоизаи интихоби тамошобин шуд. Чорабиниро Федератсияи муҳоҷирон дар Русия (ФМР) ташкил кардааст.
Дар маҷмӯъ, дар озмун 50 намояндаи 13 кишвари дунё дар ин озмун ширкат карданд, аммо танҳо даҳ нафар - аз Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ҷойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Каримова гирифт. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Маскав шуд.
Дар овоздиҳии онлайн дар вебсайти МҲР, финалисти тоҷик Нуринисо Абдулмаинова пирӯз шуд. Ӯ 28 сол дорад ва зодаи ВМКБ мебошад. Ҳоло Абдулмаинова дар як меҳмонхонаи Маскав ҳамчун администратор кор мекунад ва ба таври ихтиёрӣ бо кӯдакони синни то мактабӣ дар созмони ҷамъиятии "Нур" фаъолият дорад.
Нуринисо дар бахши намоиши эҷодӣ дар озмун рақси миллии тоҷикиро нишон дод.
Рухшона Маҳкамова ва Парвина Усмонова, ки аз Душанбе мебошанд низ, ба даври ниҳоии финали Miss ФМР - 2021 роҳхат гирифтанд.
Маҳкамова ба ҳайси парастор кор мекунад, аммо мехоҳад коргоҳи дӯзанддагии худро кушояд. Иштирок дар озмун ба ӯ кумак кард, ки қадами аввалинро дар амалӣ сохтани орзуяш гузорад - барои рақами ниҳоӣ ӯ либосе бо домани атлас, остини органза дӯхтааст.
Усмонова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав дар кафедраи таълими забон ва адабиёти рус таҳсил мекунад. Ӯ бо дарсҳои иловагӣ пул бу датс меорад.
Дар даври ниҳоии озмун Наргис Зафарова аз Конибодом низ баромад кард.
Вай ба наздикӣ ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил шудааст. Зафарова орзу дорад, ки омӯзгор шавад, аммо ҳоло ӯ ба ҳайси доя кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 тоҷи барандаи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.