ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон новобаста аз он ки дар ҷумҳурӣ давоми чанд ҳафта ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст, дар робита ба ин масъала иттилоъ медиҳад.
Ба гузориши ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта низ ягон ҳолати бемор шудани шаҳрвандон аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамин тариқ то 10 октябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Охирон маротиба рӯзи 15 октябр се маризи вируси COVID - 19 шифо ёфтанд ва аз он замон то ҳол дигар ягон гафар гирифтори ин дард нагардидааст.
Манбаъ зикр намудааст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз ин дард гирифтани ваксина аст ва маъракаи ваксиназанӣ дар мамлакат идома дорад.