Суқути ҳавопаймо дар Тотористон бо марги 16 нафар анҷомид

Ҳавопаймои L -410 бо 20 парашютчиён парвоз карду дучори садама гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тотористон як ҳавопаймо дучори садама шуд, ки дар натиҷа 16 нафар қурбон шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Манбаъ меафзояд, дар ҳавопаймо ҷамъан 23 нафар қарор доштанд, ки 20 тани онҳо парашютчиён аз як клуби маҳаллӣ қарор доштанд.
Ин ҳавопаймо пас аз парвоз кардан, аз радар нопадид шуд ва тамос бо он қатъ гардид.
Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ин хабарро тасдиқ кард.
Ҷасади халабони чархболе, ки дар Ванҷ суқут кард, ҳамоно дар ҷойи ҳодиса дармондаст
Тибқи маълумоти пешакӣ, 16 нафар ҳангоми фуруди сахти ҳавопаймо бо десантчиён дар Тотористон ҷон бохтанд, 7 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд. Вазъи яке аз қурбониён вазнин арзёбӣ мешавад.
L - 410 як ҳавопаймои дугоникдор барои хатҳои минтақавӣ мебошад. Мошин дар охири солҳои 1960 аз ҷониби ширкати Чехословакии Let сохта шудааст. Фаъолияти тиҷоратии ҳавопаймо соли 1973 оғоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр ҳавопаймои ширкати мазкур дар Иркутск дучори садама шуд, ки дар натиҷа аз 16 мусофир 12 нафар ҷон бохт.