Раҳмон ба Белгия сафар кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайат ба Брюссел, пойтахти Белгия сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр дар як сафари корӣ ба Брюссел сафар намуд.
Дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба ин кишвар сафар кард.
Гуфта мешавад, аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлатро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел меравад
Зимнан Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, президенти Тоҷикистонро Шарл Мишел, роҳбари Иттиҳоди Аврупо 26 август зимни як тамоси телефонӣ даъват намуда буд.