Тоҷикистон аз сабукиҳои молиёт барои соҳибкорон ва коҳиши санҷишҳо дар кишвар гуфт

Намояндаи ҷаласаи навбатии XXVIII-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои андози давлатҳои узви ИДМ дар масъалаи назорати андоз, дастгирии соҳибкории хурду миёна, сабукиҳои пешбинигардида барои соҳибкорон ва коҳиш додани санҷишҳо дар Тоҷикистон ибрози назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи андози Тоҷикистон, аз 5 то 8 октябри соли равон ҷаласаи навбатии XXVIII-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои андози давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ШҲРМА ИДМ) таҳти раёсати Кумитаи даромадҳои давлатии Арманистон ба таври маҷози баргузор шуд.
Дар ҷаласаи коршиносон ва намояндагони узви Шӯро роҳбарони мақомотҳои андози кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва дигар намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё ширкат доштанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа натиҷаи фаъолияти ШҲРМА ИДМ дар соли 2021, ҳисоботи ташкилоти базавии кишварҳои узви ИДМ оид ба омоданамоӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи андозу андозбандӣ, баланд бардоштани самаранокии санҷишҳои андозӣ дар кишварҳои узви ИДМ, маълумоти давлатҳои аъзои ШҲРМА ИДМ оид ба татбиқ намудани созишномаҳо вобаста ба бартараф намудани андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк ва Нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Дар ҳамин ҳол Аюбҷон Солеҳзода, муовини якуми Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар суханронии худ доир ба мавзӯъҳои назорати андоз, дастгирии соҳибкории хурду миёна, сабукиҳои пешбинигардида барои соҳибкорон ва коҳиш додани санҷишҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, мониторинги андозӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳаи андоз ибрози назар кардааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз Директори Раёсати ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мискин ба муносибати 30 — солагии таъсисёбии ИДМ ва барои саҳми арзанда гузоштан дар тақвият ва таҳкими фаъолияти ШҲРМА ИДМ ба раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва дигар намояндагони ШҲРМА ИДМ Ифтихорномаи Кумитаи иҷрои ИДМ-ро тақдим кард.
гуфта шудааст, ки ҷаласаи навбатӣ, соли оянда дар Беларус баргузор хоҳад шуд.