Ифтитоҳи ду мактаби ҷадид дар ду деҳоти дурдасти Суғд

Ҳукумати вилояти Суғд аз ифтитоҳи ду бинои ҷадиди мактаби миёна дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар деҳаи Раҳмонободи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар дод ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, муассисаи таълимии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба шогирдон дарс мегӯянд.
Дар Балх тамоми духтарони донишомӯз ба мактаб мераванд
Таъкид шудааст, ки сохтмони мактаби мазкур аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ сармоягузорӣ шуда, аз ҷониби ташкилоти пудратии "Сохтмон" бунёд шудааст.
Мактаби ҷадиди дигар дар деҳаи Оби Ширини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.
Маблағгузори муассисаи мазкур Фонди саудии Рушд буда, он аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо"" сохта шудааст.