Таркиши мудҳиш дар масҷиде дар Афғонистон: 100 нафар ҳалок шуд

Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон, тақрибан сад ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз дар як масҷиди шиаҳо дар бандари Хонободи вилояти Қундуз таркиши бузург ба амал омад.
Ба гузориши хабаргузории "Amaj News", таркиш дар як масҷид дар шимоли Афғонистон рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари таркиш тақрибан сад ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуд.
Ба иттилои ин манбаъ, ҳамла ба масҷид тақрибан соати 13-30, ба вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст. Ҳамзамон дар масҷид теъдоди зиёде буданд, ки намози ҷумъаро адо мекарданд.
Тибқи фарзияи пешакӣ, таркишро як маргталаб анҷом додааст. Вай ба дохили масҷид даромада, дар он ҷо маводи таркандаро ба кор бурдааст.
"Толибон"* аллакай ҷангиёни ДИ "Хуросон"*-ро, ки шохаи созмони тундрави "Давлати исломӣ"* мебошад, дар амали террористӣ айбдор кард.
Дар ин бора узви комиссияи фарҳангии "Толибон"* Муҳаммад Ҷалол дар саҳифаи "Твиттер"-аш хабар додааст.
Ҳеҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ