Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"

Сокини деҳаи Шаҳристон зери чархи мошини "Мерседес-Бенс-Атеко" ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар пайи садамаи нақлиётӣ як ҷавон ҷони худро аз даст дод, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи нохуш шаби 7-уми октябр, тахминан соати 01:50 дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" рух додааст.
Садамаи маргбор дар Восеъ ба марги мототсиклсавори 56-сола анҷом ёфт
Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Мерседес-Бенс-Атеко", К. М. М., сокини 29-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
Ҳаимн тавр ронанда пиёдагард М.Ш.Ш., сокини 28-солаи деҳаи Шаҳристонро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмудов Ш.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона даргузаштааст",-омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.