Русия

Русия вуруд ва хуруҷи муҳоҷиронро осон мекунад

ВКД Русия мехоҳад дар робита ба ҳамагирии коронавирус тартиби нави вуруду хуруҷ меҳоҷиронро роҳандозӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби шаффофи вуруду хуруҷи муҳоҷиронро ба кишвар роҳандозӣ мекунад, хабар дод ВУХ-и Русия Сергей Лавров.

"Вазорати корҳои дохилӣ аз номи президент равиши шаффоф ва ҳамаҷонибаро дар бораи он ки чӣ гуна мо вуруд ва хуруҷро аз Русия таъмин мекунем, омода мекунад",- гуфт дипломат.

Лавров қайд кард, ки ин навовариҳо барои таъмини шаффофияти ҳаддиаксарии раванди муҳоҷират пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки масъалаи роҳандозии қоидаҳои нави вуруд чанд моҳ тӯл мекашад.
Маскав ба 200 ҳазор муҳоҷир ниёз дорад
"Мо манфиатдорем, ки тиҷорат худро роҳат эҳсос кунад ва албатта, дастгирӣ дар бахши раводид бояд ҷузъи ҷолибияти сармоягузорӣ бошад",-афзуд Лавров.
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Ин тадобир дар робита ба вазъи ҳамагирӣ таҳия мешавад.