ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони корӣ даъват кардааст, ки дар кишвари қабулкунанда, яъне Русия бояд қавонини онро риоя намоянду нисбати ояндаи худ дурандеш бошанд.
“Шумо ба Русия ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади дарёфти ҷойи кор ворид шудаеду бояд тартиботи дохилии кишвари хориҷиро риоя намоед”,-хоҳиш крдааст намояндагӣ.
Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик тавсия додаанд, ки дар ҳолатҳои берун аз корӣ ба китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҷойҳои маданиву фарҳангии ҳудуди ҷойи зисти худ рафта, фарҳанг, забон, таъриху осори халқи Русияро аз худ намуда, барои ташаккули ҷаҳонбинии мадании худ талош намоянд.
“Шумо метавонед аз марказҳои маданиву фарҳангӣ, касбомӯзиву ҳунаромӯзӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, мактабҳои махсусгардонидашуда барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии худ истифода баред. Ҳамчунин муҳоҷирон метавонанд ба шуъбаҳои ғоибона, фосилавии донишгоҳҳои олии Русия дохил шуда, барои беҳтар намудани сатҳи саводнокиашон талош намоянд”,-гуфт манбаъ.
Ҳамзамон намояндагӣ тавсия додаааст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ самарнок истифода намоянд, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва бесуд худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони корӣ хоҳиш кардааст, ба сарулибос ва муйлабу риши худ аҳамият диҳанд.
“Берун аз соатҳои корӣ, ки майли дилхушӣ доред ва мехоҳед ба сайёҳати мавзеъҳои тамошобоб биравед, пас бояд нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, ба сарулибос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хос намоед, зеро сокинони муқимӣ дар симои шумо тамоми халқи Тоҷикистонро баҳо медиҳад”,-қайд кардааст намояндагӣ.
Намояндагӣ аз муҳоҷирон даъват кардааст, ки агар шаҳрвандони Тоҷикистон муйлаб ва риш гузоштаанд, онро бояд тибқи қоидаҳои шариати исломӣ, ҳар рӯз тозаю покиза нигоҳ доранд ва тарзе ришу мӯйлаб гузоранд, ки атрофиён аз онҳо натарсанд.
Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хоҳиш кардаанд, ки намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Русия муайян намудааст, адо намоянд.
“Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст, бояд дар он ҷой намоз нагузоред”,-илова кардааст намояндагӣ.
Намояндагӣ бар зарурати иҷрои ин қоидаҳо ба хотири эҳтироми тарафайн таъкид кардааст.