Зодрӯзи Наргис Бандишоева: 8 октябр дар таърих

Рӯзи ҳаштуми октябр дар Русия Рӯзи ташкилёбии қисмҳои штаби Вазорати умури дохила мебошад
Sputnik

Муҳимтарин рӯйдодҳои 8 -уми октябр дар ҷаҳон

Соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.
Соли 1963 тӯфони "Флора" дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.
Соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.
Соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.
Американские военные, архивное фото
Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 8 -уми октябр дар Тоҷикистон

Соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон "Ирфон" таъсис дода шуд.
Соли 1967 Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҷараёни бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуданд.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин

Ҷашнҳои рӯзи 8 - уми октябр

Дар Арманистон рӯзи китобдор.
Дар Русия рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.
Дар Массачусетси ИМА рӯзи пиронсолон.

Рӯзи 8 - уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1933-2006 года нависанда Аминҷон Шукуров.
Соли 1935 доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов.
Соли 1958 коргардони театр Давлатӣ Убайдулло.
Солҳои 1966-1991 овозхон Наргис Бандишоева.
Портрет Наргис Бандишоевой на концерте группы Baraka