ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси СҶБ дар минтақаи Аврупо Витянис Андрюкайтис кишварҳои ғарбиро барои сиёсати эмгузаронии онҳо маҳкум кард.
Дар муколама бо ҳафтаномаи русизабони "Экспресс-Неделя" ӯ гуфт, ки кишварҳои Аврупо аксари вақт ваксинаҳои коронавирусро дар анборҳо нигоҳ медоранд, то даме ки муҳлати истифодаи онҳо ба охир мерасад.
Ба таъкиди ӯ, кишварҳои аврупоӣ замоне ба дигар давлатҳо ваксинаи дар анборҳо нигоҳдоштаро пешниҳод мекунанд, ки то анҷоми муҳлати истифодаи он тақрибан чанд ҳафта боқӣ мемонаду халос.
"СҶБ аз кишварҳои аврупоӣ даъват мекунад, ки ваксинаро бо давлатҳое чун Тоҷикистон, Украина, Арманистон, Қирғизистон тақсим кунанд",-илова намуд ӯ.
Намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, кишварҳои Аврупо беш аз як миллиард воя ваксина харидорӣ кардаанд, ки аз ин миён 700 миллион воя барои кумак ба давлатҳои дигар пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, нахустин ваксинае, ки ба Тоҷикистон интиқол ёфт, "AstraZeneca" буд ва он дар доираи барномаи механизми COVAX ба ҷумҳурӣ фиристода шуд.
Пасон ваксинҳои истеҳсоли Чину Амрико низ ворид шуданд. Охирон ваксинае, ки Тоҷикистон дастрас кард, ин "Спутник V" -и Русия буд.