Дмитрий Песков, котиби матбуотии сарвари давлат ба хабарнигорон гуфт, сарфи назар аз зодрӯзаш Путин 7 октябр нақшаҳои корӣ дорад.
Ӯ гуфт, ки сарвари давлат ин санаро "ақаллан бегоҳ" бо оила ва дӯстонаш ҷашн хоҳад гирифт.
Бештари вақти раҳбари Русия ба корҳои давлатӣ бахшида мешавад. Путин мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона ҳимоя мекунад ва ҳамзамон масъалаҳои сиёсии дохилиро фаромӯш намекунад.
Бо вуҷуди ин кам одамон медонанд, ки президент дар вақти холии худ ба чӣ таваҷҷуҳ дорад; ба кадом намудҳои варзиш майл дорад, кадом ҳайвонро дӯст медорад ва чӣ гуна истироҳат мекунад.
Дар ин суратгузориш аксҳоеро пешниҳод мекунем, ки сарвари давлатро аз нигоҳи дигар муаррифӣ хоҳад кард.