ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин имрӯз ҷашни мавлуд дорад. Президент 69-сола шуд.
Бобати чӣ гуна таҷлил шудани солрӯзи президент, сухангӯи ӯ Дмитрий Песков шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, роҳбари Русия бо вуҷуди ҷашни зодрӯзаш, нақшаҳои корӣ дорад ва аксар вақт саргарми чорабиниҳои корӣ мешавад.
"То ҷое ки ман медонам, ӯ бо вуҷуди зодрӯзаш нақшаҳои корӣ дорад.Аксар вақт чорабиниҳои корӣ мегузаронад. Вале ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки ҳадди ақал бегоҳ ӯ бо оила ва дӯстонаш ҷашн мегирад", - тавзеҳ дод Песков.
Зимнан, дар посух ба суоле, ки худинзивоъ ба таҷлили зодрӯзи президент таъсир мерасонад ё не, Песков гуфт: "Не, ҳоло зарурати худинзивоъ вуҷуд надорад".
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш, раисҷумҳури Русия бинобар тамос доштан бо нафарони гирифтори коронавирус ба инзивоъ рафт ва маълум набуд, ки қарантини ӯ то ҷашни мавлудаш идома мекунад ӯ хайр.