ДУШАНБЕ, 7 окт - Спутник. Бахши энержии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷараёни об дар дарёи Вахш дар авоили моҳи октябр истеҳсоли нерӯи барқро дар кишвар муътадил таъмин мекунад, менависад "Авеста".
Бино ба иттилои манбаъ, сатҳи об дар обанбори "Норак" дар сатҳи ҳадди аксари 910,69 метр аст ва ин пурра ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2020 мувофиқат мекунад..
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирин, воридшавии об дар обанбори "Норак" 566 метри мукааб дар як сония аст.
Гуфта мешавад, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 метри мукааб дар як сония бештар аст.
Муайян шудааст, ки воридшавии об аз дарёи Вахш ва ҳаҷми захираи обанбор тавлидоти устувори нерӯи барқро ҳам барои қонеъ кардани ниёзҳои дохилӣ ва ҳам барои содироти он ба миқдори наонқадар зиёд пурра кафолат медиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 37,8 миллион кВт-соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки аз он 35,1 миллион кВт-соат дар дохил истифода мешавад.
"Боқимонда ба кишварҳои ҳамсоя содир карда мешавад", - гуфт манбаъ.