ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт як муроҷиатнома ирсол намудааст.
Котиботи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар муроҷиатнома Рустами Эмомалӣ аз сокинон даъват намудааст, ки пойтахтро ба "шаҳри гулрез" табдил диҳанд.
"Дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғу хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт фаъолона саҳмгузорӣ намоед",-омадааст дар муроҷиатномаи раиси Душанбе.
Рустами Эмомалӣ бар ин бовар аст, ки ин иқдом на танҳо Душанберо ба шаҳри гулпӯшу гулрез табдил медиҳад, балки ба насли наврас ҳам як дарси ибрат хоҳад шуд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳоло шаҳри Душанбе ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб мекунад.