“Воҳима накунед, Маҳдӣ як ҳичкора аст”: вокуниши як манбаъи ҳукуматӣ

Маҳдӣ Арсалон, ки аз сӯйи расонаҳо раҳбари Ҷамоати "Ансоруллоҳ”* ва масъули “Толибон”* дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон муаррифӣ мешавад, узви як гуруҳи хурди “Толибон” аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 07 окт — Sputnik. Қаблан як "Telegram-канал"-е ба унвони "Reverse side of the medal" (Тарафи дигари нишон) аз қавли “ҷангиёни зодаи Тоҷикистон, ки дар Афғонистон меҷанганд”, хабар дода буд, ки омодаанд, вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
Дар ин матлаб гуфта шудааст, ки раҳбари толибони тоҷики гурӯҳи Ҷамоати "Ансоруллоҳ”* Маҳдӣ Арсалон қаламравҳои ҳаммарз бо навоҳии Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро дар Афғонистон таҳти назорат дорад.
Як манбаи наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, дар радди ин иддаоҳо гуфт, Маҳдӣ Арсалон дар миёни “Толибон”* як ҳичкора аст ва ҳатто раҳбари Ҷамоати "Ансоруллоҳ”* ҳам нест.
“Тоҷик бо лақаби туркӣ”: номҳои чанд толиби тоҷикистонӣ дар Моймайи Дарвозҳо маълум шуд
“Бино ба иттилои дақиқи мо, Маҳдӣ дар асл Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон, узви гурӯҳи Ҷумъа Талбон, фармондеҳи толибони вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Ин гурӯҳ қариб 60 ҷангӣ дорад, фармондеҳаш ҳам ҳоло мариз аст ва Маҳдӣ яке аз ҳамин ҷангиҳост. Раҳбари ин созмони террористӣ шахсе ба номи Салмон, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки номи аслиашро мақомоти қудратӣ хуб медонанд. Аз ин хотир расонаҳо огоҳона ё ноогоҳона воҳимаву бузургнамоӣ мекунанд”,-гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол ин бори аввал нест, ки бархе расонаҳо Маҳдӣ Арсалонро раҳбари созмони террористии "Ансоруллоҳ"* муаррифӣ намуда, мегӯянд, “Толибон” назорати марз бо Тоҷикистонро дар ихтиёри ин созмон бо раҳбарии ӯ гузоштааст.
Қаблан манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Нусайи Бадахшон гуфта буд, Маҳдӣ ягона ҷангии хориҷӣ аст, ки аз Ҷумъа Талбон, фармондеҳи “Толибон”* дар ин вулусволӣ фармон мебарад.

“Ҳамсари вай – духтари Насим, аз деҳаи Хуғаз аст. Танҳо сабаби буданаш дар минтақа ҳамин аст. Ягон хориҷии дигар ҳамроҳаш нест. Онҳо қабл аз ҷангҳои Панҷшер ба Кобул рафта, ба ҳамин наздикӣ баргаштанд. Толибони Нусай 70 нафар ҳам нестанд ва қудрат ба онҳо аз баракати хиёнати ҳукумати марказӣ расидааст”,-гуфт манбаъ.

Бузург кардани ҳарфи “Ансоруллоҳ”*, ки гуфта мешавад, аксари аъзояш шаҳрвандони Тоҷикистонанд, эҳтимол як таблиғоти тамомайёр ба хотири тарс додани ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Ин ҳама гуфтугузорҳо ҳам дар пасманзари таҳдидҳои “Толибон”* иттифоқ меафтанд, ки бо ин роҳ, ба гумони ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, Маҳдӣ ва мисли ӯ ҳамтоёни ҳамкорашон худро “ширин мекунанд” ва ё амр гирифтаанд, ки садои худро берун оранд.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ