ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мулоқоти мавсум ба "формати Маскав", ки мавзуи марказияш барқарор кардани Афғонистон баъди сари қудрат омадани ҳукумати нав хоҳад буд, 20 октябр баргузор мешавад. Дар ин мулоқот иштироки намояндагони Русия, ИМА, Чин ва Покистон дар назар аст.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон иштироки мақомдорони "Толибон"* дар ин ҳамоишро низ тасдиқ кард.
Ӯ мушаххас нагуфт, кадом намояндаҳои "Толибон"* ба Маскав хоҳанд омад.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи "Толибон"* дар бораи нияташон барои тамос бо Маскав хабар дода буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, аъмоли мақомдорони феълии Афғонистонро зери назорат доранду гирифтани даъватнома ба Маскав аз рафторашон вобаста аст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар