Имрон Хон барои мардуми Афғонистон аз Бил Гейтс кумак хост

Нахуствазири Покистон дар як суҳбати телефонӣ аз бунёдгузори ширкати “Майкрософт” тақозо намудааст, то ба мардуми Афғонистон ёрӣ расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири Покистон аз Бил Гейтс бунёдгузори ширкати “Майкрософт” ва бунёди хайрияи "Бил ва Милинда Гейтс" хостааст, ки дар мавриди кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон фикр кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии нахуствазири Покистон, Имрон Хон бо Бил Гейтс ахиран тариқи телефонӣ гуфтугӯ доштааст.
Нахуствазири Покистон гуфтаааст, ки беш аз ниме аз мардуми Афғонистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд ва ба шиддат ба кумаки молӣ ниёз доранд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Имрон Хон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост аз давлати ҷадиди Афғонистон ҳимоят кунанд
Имрон Хон дар ин тамоси телефонӣ нисбат ба суқути низоми тандурустии Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Меҳвари баҳси ду тараф полиомиелит ё фалаҷи кӯдакон будааст. Имрон Хон барои аҳамияти ҳифозати дастоварди Покистон дар умури маҳви полиомиелит ва азсаргирии маъракаи муқобила бо фалаҷи кӯдакон дар Афғонистон таъкид кардааст.
Афғонистон ва Покистон ду кишваре ҳастанд, ки то кунун бемории фалаҷи кӯдакон дар ин кишварҳо маҳв нашудааст.