Афвшуда баъди як моҳи озодияш боз ҳабс шуд: Таксиро рабудааст - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони афвшудае бо иттиҳоми дуздии дигарбора хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сокини 26-солаи ноҳияи Ҳамадониро дар он муттаҳам мекунанд, ки камтар аз як моҳ баъди баромаданаш аз зиндон мошини мусофирбарро дуздидаст.
ВУД гузориш дод, ки ба идораи милиса дар ноҳияи Данғара сокини 29-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки мошини "Хундай"-ашро, ки тариқи он, ба мусофирбарӣ машғул мебошад, дуздидаанд.
Манбаъ афзуд, дар пайи тафтиши ҳолат муайян шуд, ки мусофирбарро сокини 26-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки 7 сентябр бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шудааст, рабудааст. Таъкид шуд, ки муттаҳам бо мошини рабудааш дар роҳи Душанбе - Кӯлоб, дар ноҳияи Данғара дучори садама шудааст.
ВУД афзуд, ин ҷавон, ки қаблан барои дуздию қаллобӣ маҳкум шуда буд, дигарбора бо иттиҳоми дуздӣ боздошт гардида, феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.